БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Муҳаммад Вализода дар толори маҷлисгоҳи макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор  чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд. Ҳамзамон дар чорабини иштирок доштанд, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомои иҷроия, фаъолон, собиқадорон зиёиён ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия.Чорабини бо суханронии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Вализода Муҳаммад оғоз гардид. Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи сарнавиштсоз ба фаъолият шуруъ намуда, аз рузҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кушиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш низ ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки кишвар аст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷавонтарин ҳизби сиёсии кишвар буда, дар таҳкими идеологияи миллӣ, якпорчагии сарзамин, таҳкими пояҳои маънавию ахлоқии ҷомеа, ҳиҷояти ҷавонон ва ҷалби фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масири худогоҳи миллӣ нақши бориз дорад.Қобили тазаккур аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун қисми таркибии низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гаштанаш тавассуси сиёсати бунёдкорона ва татбиқи барномаи худ бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзоёнаш омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории Тоҷикистони тозаистиқлол гардид.Дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастовардҳои пешқадами афкори ҷомеаро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ  дастгирӣ менамояд ва беҳтарин анъанаҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро эҳё ва ҳифз менамояд. Ҳадафу ормонҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сиёсати давлату Ҳукумат оид ба ҳифзи истиқлолият ва таъмин намудани рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо дарназардошти манофеи миллӣ ва таҷрибаи давлатдории миллӣ ба ҳам пайванди ҷудонашаванда доранд. Вазифаи меҳварӣ ва асосии давлату Ҳукумат ва ҳамзамон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мутаҳид намудани тамоми гуруҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар дар атрофи ғояи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ватани маҳбуби ҳамаи мо” чун нуқтаи пайванд ва ҳалқаи баҳамоварандаи тамоми мардуми кишвар сарфи назар аз дину мазҳаб, забон ақидаву мавқеи сиёсӣ, чун василаи муассиртарини ваҳдатгароӣ ва якпорчагиву ҳифзи Тоҷикистогни озоду соҳибистиқлол мебошад.