МУЛОҚОТ БО ҲИЗБИЁНИ МАРКАЗИ САЛОМАТИИ ДЕҲОТИИ “НУРИ ШАРҚ” ДАР МАВЗӮИ “ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДА”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар Маркази саломатии деҳотии “Нури шарқ” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор, хониши сиёсӣ дар мавзуи  “ҲХДТ – ҳизбӣ созанда” баргузор карда шуд.

         Дар хониши сиёсӣ Митзоев Толиб иштирок ва суханронӣ намуд. Зимни суханрони иброз дошт, ки ҲХДТ аз умқи дили мардум реша гирифта, дар лаҳзаҳое рӯйи кор омад, ки Тоҷикистон дар марҳилаҳои ҳассос ва ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Худованд ба тақдири ин миллат абармарди дунёи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳбари ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ – ҲХДТ овард. Ин абармарди дунёи сиёсат тавонист дар атрофи ин ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ  мардумро сарҷамъ намояд. Аз он  солҳо то ба имрӯз 29-сол сипарӣ гашт, ки ин марҳилаи бисёр мураккабу ҳассоси давлатсозию миллатсозиҳо буд. Нотавонбинону ҳасудон ин пешравиҳою ободкориҳои давлатро дидан намехостанд ва ба ҳар роҳу восита мехостанд нооромиро дар кишвар бедор созанд. Таҷрибаҳои  ҳам талху ҳам ширини даврони истиқлолият исботи онанд, ки маҳз сиёсати созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бевосита  мақсаду маромаш дар амал татбиқ намудани чор ҳадафи сратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар ин роҳ садоқатмандона ба вуқӯъ пайваст. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии ҲХДТ ин ҳадафҳои созанда аз тарафи ҳар як аъзои ҳизб дар байни ҳамагуна табақаҳои қишрҳои ҷомеа таблиғоту ташвиқот карда мешуд, ҳама ин заҳмату талошҳо бенатиҷа намонд.