МУЛОҚОТ БО ТАБИБОН БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Мулоқоти намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзои ҳизб дар шуъбаи бемориҳои кӯдакони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатӣ” дар доираи Ҳафтаи ҲХДТ дар мавзуи “Сулҳу субот ва ваҳдати сартосарӣ дар меҳвари ҳадафҳои ҲХДТ” баргузор карда шуд.Мирзоев Толиб зимни суханрони қайд карданд, ки беҳтарин рисолати ҳар як ҳизби сиёсӣ пеш аз ҳама ин бо мардум наздик будан аст. Ин сухани Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳизбиёни ноҳияи Данғара сармашқи кори худ қарор дода, корҳои таблиғотию ташвиқотиро аз рӯзи таъсисёбии Кумитаи иҷроияи ҳизб  ҷиҳати муттаҳид гардонидани мардум, ба сулҳу салоҳ овардани кишвар ва фаҳмонидани моҳияти аслии сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баргузор намудани вохӯрию суҳбатҳо амалӣ намуда истодаанд. “Таблиғот рисолати асосии фаъолияти сиёсии ҳизб ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, нуфӯзи ҳизби сиёсӣ вобаста ба он аст, ки то кадом андоза ва дар чӣ шакл ҷомеаро барои анҷом додани амали созандае, ки боиси муттаҳидию Ваҳдати миллӣ ва пешрафти дигар соҳаҳои кишвар мегардад, сафарбар карда метавонад”. Албатта, таблиғоти созанда танҳо аз гуфтану рафтан иборат нест, балки роҳнамоии ҷомеа ба фаъолияти амалӣ, бо назардошти неруи мавҷудбудаи моддиву маънавӣ, муайян кардани душвориҳо ва пешниҳоду амалисозии чораҳо барои ҳалли он, огаҳ кардан аз хатарҳои эҳтимолӣ ва ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат ҷиҳати пешгирӣ аз он мебошад.