КОРҲОИ ОИНАБАНДИ ДАР МТМУ №25

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Маориф ниҳоди муқаддас, таҳкурсии асосии давлат ва ҷамъият ба шумор рафта, суннатҳои миллиро пойдор нигоҳ медорад ва беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароиро ташаккул медиҳад ва дар ҳама давру замонҳо илму маориф шахсро бо додани одобу ахлоқ ба қуллаҳои баланди илму маърифат расонида, нақши муассири худро дар ҳаёти ҷомеа ва давлат мегузорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва дар яке аз Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуданд, ки “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳалқаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд гардонем”.

Бо ин мақсад дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ҷамоати бо саҳмгузории падарону модарон, шахсони саховатпешаву хайрхоҳ ва хатмкунандагони сину соли гуногун дар доираи амалиёти муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҲХДТ таҳти унвони  “Мактаби ман” корҳои таъмиру азнавсозӣ ва оинабандии муассиса рафта истодааст. Мақсад аз таъмиру азнавсозии синфхонаҳо ин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва муҳайё намудани шароити хуби таҳсил барои хонандагон мебошад.