КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ ТАҲТИ УНВОНӢ “НАҚШИ ҲХДТ ДАР НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бахшида ба 29 – солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Конференсияи ҳизбӣ  унвонии  “Нақши ҲХДТ дар низоми давлатдории миллӣ” бо иштироки олимону донишмандон ва фаъолони ҳизб баргузор гардид.Нахуст бо сухани ифтитоҳи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад кори Конференсияро кушода, зикр доштанд, ки мо дар арафаи ҷашни 29-солагии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорем. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи сарнавиштсоз ба фаъолият шуруъ намуда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кушиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш низ ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки кишвар аст. Сипас, муовинони раиси ноҳия профессор - Ғаффорзода Шоҳрух, Раҳматуллозода Дилбар, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, муовини аввали раиси Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷиикистон дар ноҳияи Фархор - Раҳимзода Раъно, роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ - Абдуллозода Амонулло, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳия – Сафаралиев Искардар суханронӣ намуданд. Тазаккур дода шуд, ки Мо хуб медонем   барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз Барномаи амали Ҳукумати кишвар аст. Вазифаи мо ҳизбиён аст, ки дар ҷойҳо ва дар корҳо онро амалӣ намоем. Вазифаи меҳварӣ ва асосии давлату Ҳукумат ва ҳамзамон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мутаҳид намудани тамоми гуруҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар дар атрофи ғояи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ватани маҳбуби ҳамаи мо” чун нуқтаи пайванд ва ҳалқаи баҳамоварандаи тамоми мардуми кишвар сарфи назар аз дину мазҳаб, забон ақидаву мавқеи сиёсӣ, чун василаи муассиртарини ваҳдатгароӣ ва якпорчагиву ҳифзи Тоҷикистогни озоду соҳибистиқлол мебошад.

Дар интиҳо як гурӯҳ фаъолони ҲХДТ бобати саҳми муносиб гузоштан дар тадбиқи Барномаи ҳизб бо Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия сарфароз гардонида шуданд.