НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲО, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

 Ба ифтихори ҷашни 29-солагии ҲХДТ дар саҳни ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи №2” ҷавонони фаъоли аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” парчамҳои миллӣ ва ҳазбӣ дар даст ба ҳам омада, саҳни биноро орову дилрабо намуданд. Ва меҳмонону иштирокчиёнро арзи эҳтирому қадршиносӣ истиқболи самимӣ баҷо оварданд. Сипас меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ - нақшу нигор, чакандӯзӣ, зардӯзӣ, қуроғдӯзӣ ва амсоли ин боздид намуданд. Инчунин, асарҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маърази дид гузашта шуд, ки меҳмонон зимни боздид онҳоро мутолиа намуданд. Зикр рафт, ки асарҳои илмию таълимии Пешвои миллат дар масири тарбияи ватандӯстии насли ҷавон нақши арзишманд дошта, хонандаро ба камолоти маънавӣ ва ватанпарастию худогоҳии амиқ мерасонанд.