МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА ҲАФТАИ ҲХДТ ҶАМЪБАСТ КАРДА ШУД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар толори варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 мусобиқаи варзиши аз руи намуди волейбол миёни бонувон бахшида ба истиқболи сазоворӣ ҷашни 29 –мин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон тули ду ҳафтаи сипаригашта баргузор карда шуд, ки инрӯз қисмати ниҳои чорабинӣ доир карда шуд. Ин мусобиқа бо мақсади роҳандози намудани тарзи ҳайёти солим миёни бонувони ноҳия роҳандози гардида истодааст. Ҳамзамон дар чорабини муовини раиси ноҳияи Фархор Ғаффорзода Шоҳрӯх, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад ва намояндагони ВАО иштирок доштанд. Зимни суханрони муовини раиси ноҳияи Фархор Ғаффорзода Шоҳрӯх қайд карданд, ки Яке аз принсипҳои муҳими ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ мебошад. Ба эътибори ҳамин принсип Тоҷикистон низоми бисёрҳизбиро пазируфтааст ва имрӯз мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” дар қаламрави кишварамон ҳафт ҳизби сиёсӣ дар фазои озод, сулҳу салоҳ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ фаъолият доранд. Озодона ва дар асоси Оинномаву Барнома ва  ҳадафҳои худ фаъолият доштани ҳизбҳои сиёсиро метавон арзишҳои демократия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номид. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бисту панҷ сол муқаддам зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» ба майдони сиёсат ворид гардида, дар муддати начандон тӯлонӣ садоқати худро ба мардум, давлат, муқаддасоти миллӣ  сарбаландона собит намуд ва имрӯз бо боварии комил ба ояндаи дурахшони Ватан ва бо умеди баровардани ормонҳои миллӣ тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ сохта истодааст. Дар фарчоми мусобиқа ба ғолибон Сипоснома ва таҳфаҳои хотирмони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ тақдим карда шуд.