ФОРУМИ ЗАНОНУ БОНУВОН ТАҲТИ УНВОНИ " НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА"

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Фархор форуми занону бонувон таҳти унвони " Нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" бахшида ба 24- солагии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа баргузор гардид. Дар чорабини занони роҳбару таҷрибадор суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.Ҳамзамон зимни суханронӣ Раҳимзода Раъно – муовини раиси  Шуърои ҲВМЭТ  дар ноҳияи Фархор иброз доштанд, ки Таҳлили масъала моро водор менамояд, ки ба ду ҷанбаи таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти таъмини баробарии гендерӣ таваҷҷуҳ намоем.Якум, хусусияти аз ҳама муҳимми сиёсати давлатӣ дар самти таъмини ҳуқуқ ва тадбирҳои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа дар он ифода мегардад, ки сарчашма ва манбаи ин сиёсатро ташаббусҳои махсус ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала ташкил дода, устувории онро замина гузоштааст. Аз ҷумла, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 Нақшаи миллии амалро оид ба баланд бардоштани нақш ва мақоми занон барои солҳои 1998-2005 қабул намуд.Ба имзо расидани Фармони таърихии Президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 яке аз қадамҳои муҳимтарин ва устувор дар самти ташаккули сиёсати гендерӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба ҷомеа аз мавқеи Сарвари давлат дар робита ба нақши бонувон дар ҷомеа ва рушди минбаъдаи ин сиёсат паём дод.Пӯшида нест, ки масоили таъмини баробарии гендерӣ хеле ҳассос буда, бархурд ва ҳалли онҳо бинобар мавҷудияти қолабҳои гендерии асрҳо шаклгирифта дар дилхоҳ ҷомеаи шарқӣ муносибати махсус ва муҳлати тӯлониро тақозо менамояд, вале маҳз мавқеи устувори Роҳбари давлат дар сиёсати таъмини баробарии гендерӣ ва боло бурдани нақши зан дар ҷомеа боис гардид, ки он дар таҷрибаи Тоҷикистон марҳила ба марҳила ва муваффақона амалӣ гардад ва аз тарафи ҷомеа мусбат пазируфта шавад.Дуюм, хусусияти ин сиёсат дар он аст, ки тадбирҳои дар ин самт андешидашуда, ки ба фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои таъмини баробарии гендерӣ, таҳия, қабул ва татбиқи санадҳои барномавӣ дар сатҳи давлатӣ, инчунин ташкили чорабиниҳо барои парвариш ва ташаккул додани андешаи ҷомеа дар робита ба боло донистану боло бурдани мақоми зан нигаронида шудаанд, дар пайвастагӣ ва алоқамандӣ ба ҳамдигар роҳандозӣ гардида, самаранокии ин сиёсатро таъмин намуданд. Хусусан ба роҳ мондани фаъолияти ба ҳам алоқаманд барои таъмини баробарии гендерӣ дар чор шохаи зерин:

-эътирофи санадҳои байналмилалӣ;

-таҳия ва такмили қонунгузории миллӣ;

-ҷалби занону духтарон ба таҳсил;

-такмили низоми мудирияти масоили баробарии гендерӣ;

-таҳия, қабул ва татбиқи санадҳои барномавӣ,

ки мунтазам дар партави ироа ва таъкид гардидани мавқеи устувори Сарвари давлат вобаста ба мақому манзалати зан дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқҳои бонувон дар тамоми суханрониҳо, Паёмҳояшон дар ин солҳо сурат гирифт, натиҷаҳои дилхоҳро ба бор овард. Ҳамин хусусиятҳои ин сиёсати устувор ва самарабахш буд, ки Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ тавонист дар роҳи фароҳам овардани шароити мусоид дар самти таъмини баробарии гендерӣ ва боло бурдани мавқеи бонувон муваффақ шавад. Дар фарҷом барномаи фарҳангии ҷолиб пешкаши иштирокчиёни форум гардонида шуд ва форуми занон хеле хотирмон гузашт.