ҲИЗБИ ҲАМҚАДАМИ ҲАЙЁТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Мулоқоти навбатии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Тағайзода Рустам дар доираи Ҳафтаи ҲХДТ бахшида ба 29- умин солгарди Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ бо аъзо ва чонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати деҳоти Хуросон” баргузор карда шуд.Тағайзода Рустам қайд карданд, ки ба кормандони ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тақдир имконоти худододеро фароҳам овардаас, ки дар раванди фаъолиятамон аз чунин сарвати бузург, яъне маҳбубияти Пешвои муаззами миллату ҳизбамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи башарӣ ва боварию эътимоди халк ба ҳизбе, ки сарпварӣ доранд, самаранок ва бо масъулияти баланд истифода барем. Нақши Асосгузори сулшу ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон музтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешвафти Тоҷикистон соҳибистиқлол назаррас аст. Ӯ чун асосгузори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кафили сулҳу ваҳдат, рамзи сарбаландию ифтихори аҳли заҳмат гардидааст. Ногуфта намонад, ки самти фаъолияти ҳар як ҳизби сиёсиро фаъолияти идеологӣ ва мафкурасозӣ ташкил медиҳад. Рисолати ҳизби сиёсӣ низ дар он ифода меёбад, ки то кадом андоза мардум дар роҳи созандагию бунёдкорӣ ва пешрафту шукуфоӣ роҳнамои мегардад. Дар маҷмӯъ амнияти идеологяи давлатӣ ва маънавиёти чомеа аз сатҳи идеологияи мо ҳизбиён вобастагии амиқ дорад.