МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО СОКИНОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кишоварзон” мулоқоти раиси ташкилоти ибтидоии мазкур бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар мавзуи таъмилу тарбияи ҷавонон баргузор карда шуд.Дар мулоқот нотиқон иброз доштанд, ки Ҷавонон нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа дар тамоми кишварҳои дунё ба шумор мераванд ва бидуни ин қишр ояндаи давлату миллатро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳар халқу миллат заҳмати зиёд ба харҷ медиҳад, то насли навраси худро ба ҳаёт ва меҳнат сазовор омода намояд. Ҳоло ҷомеаи навини мо дар марҳилае қарор дорад, ки бунёдкорӣ дар меҳвари он қарор ёфта, нерӯву қудрати ҷавонон аз рукнҳои муҳимтарини амалияи ин ҳадафҳо ба ҳисоб меравад. Ба ҳамагон маълум аст, ки раванди ҷаҳони имрӯза мураккаб гардида, баҳри татбиқи ҳадафҳои гуногун нерӯи ҷавонон мавриди истифода қарор мегиранд. Аз ин рӯ, дар шароити имрӯза тарбияи дурусти ҷавонон яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.Айни замон масъалаи таълим ва тарбияи ҷавонон яке аз муҳимтарин масъалаҳои давлат ба ҳисоб меравад. Зеро таълиму тарбияи дурусти ҷавонон барои инкишоф ва устувории давлату ҷомеа ба сифати яке аз омилҳои муҳим хизмат менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳар суханрониҳошон таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд давомдиҳандаи насли калонсол бошанд, пайваста илм омӯзанд ва барои бунёди давлати миллӣ саҳмгузор бошанд. Инчунин, Сарвари давлат дар Паёми имсолаи хеш доир ба масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон чунин қайд намуданд: «Ман борҳо таъкид кардаам ва бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд». Ба андешаи мо, барои дар амал татбиқ намудани дастур ва супоришҳои Роҳбари давлат дар таълиму тарбияи ҷавонон бояд аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуд. Бояд гуфт, ки барои таълиму тарбияи насли ҷавон саҳми субъектони тарбия, бахусус волидайн нақши ҳалкунанда дорад. Зеро тарбияе, ки аз оила сарчашма мегирад, он ҳамчун нақш бар санг боқӣ мемонад. Аз ин лиҳоз, ҳар як падару модарро лозим аст, ки барои таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намояд.