ЗАМИН САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои сердаромадтарини мамлакат ба ҳисоб рафта, дар ҳама фасли сол дар бархе аз минтақаҳои вилоят сокинон заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода мебаранд. Кӯшиш доранд, ки ҳар ваҷаб заминро хуб истифода намуда, ба ин васила бозорҳои вилоятро бо сабзавоти тару тозаи ватанӣ таъмин намоянд. Бо щамин мацсад аз тарафи сокини Ҷамоати шаҳраки Фархор бо мақсади самаранок истифода намудани замини наздиҳавлигӣ ва парвариши сабзавоти барвақтӣ ду адад гармхона сохата ба истифода дода мешаванд ва дар онҳо ният дорад, ки кишти помидар, богиринг ва қаламфуртро ба роҳ монанд.