ҲХДТ ҲИЗБИ МАРДУМӢ ВА СОЗАНДА

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №10” дар доираи амали намудани нақша ҷорабиниҳо оид ба истиқболи сазовори ҷашни 29 солагии Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ чорабинии тантанави баргузор карда шуд. Дар чорабини раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Расулов Раҷабалӣ ва аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Маҷидов Абдулҳамид иштирок ва суханронӣ намуданд.Саравал Раҷабали Расулов ба сухан баромада андешаҳои худро оид ба ин мавзӯъ иброз дошта, суханоро ба Маҷидов Абдулҳамид доданд. Ҳимни суханронӣ мавсуф иброздоштанд, ки ҲХДТ ба халқ такия кард ва бо роҳандозии барномаҳои мукаммал тавонист неъруи тавонои халқро ба самти ободии Ватан сафарбар намояд. Дуруст аст, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ҲХДТ тарғиби ғояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини суботу оромиро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Зеро барои халқи Тоҷикистон дар рӯзҳои вазнин аз ин арзишҳо дида чизе муҳимтар набуд ва имрӯз низ бо назардошти фазои муракаби ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти худро гум накардааст. Ҳатто, пойдории минбаъдаи истиқлолияти давлатӣ, мавҷудияти миллат ва якпорчагии кишвар низ ин арзишҳо вобастагии амиқ доштанду доранд. Беҳуда нест, ки шиори ҲХДТ барои солҳои 2020 – 2025 “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” эълон гардидааст. Зеро масъалаи ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ дар ҳар давру замон аз масъалаҳои умда ва омили таҳкими истиқлолияти давлатӣ боқи мемонад, бахусус дар шароити имрӯзаи басо мураккаби геопалитикӣ.