НАҚШИ ҲХДТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТӢ ДАВЛАТӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳимова Маъмурбӣ бахшида ба иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳиз дар доираи Ҳафтаи ҲХДТ мулоқот бо аъзо ва чонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзишгар” баргузор карда шуд.  Дар ин ҷамъомад ҳамзамон масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия низ иштирок доштанд.Раҳимова Маъмурбӣ дар баромадашон қайд карданд, ки чун сухан дар бораи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ меравад, пеш аз ҳама бояд қайд намоем, ки воқеан, ҲХДТ худ ҳизби зодаи даврони истиқлолия мебошад. Ин ҳиз бо ташаббус ва бар пояи ғояҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 1994 таъсисёфт. Таъси ёфтани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон марҳилае рост омад, ки миллати ҷафокашидаи тоҷик дар гирдоби нобасомониҳо ва фитнаву иғвои ҳангомаҷуёну бадхоҳони миллат қарор дошт. Истиқлолият дар чунин марҳилае, ки ҷомеа ба бурҳони амиқи идеологӣ дучор гардида буд, ташкили чунин неруи сиёсӣ бо номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба майдони сиёсат омад ва тавонист бурҳони иднологии сиёсиро аз байн бурда, ҷрмеаро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ раҳнамо гардид.