ҲХДТ ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Зери ҳамин мафҳум бахшида ба истиболи 29 солагии Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ мулоқоти аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Тураева Мавлонбӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар Муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 баргузор крада шуд. Тураева Мавлонбӣ дар баромадашон қайд намуданд, ки ҲХДТ ва саҳими он дар пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле бузуг аст ва бунёди ҳар ҳизби сиёсӣ тақозои замон аст. Агар аз ин нуқтаи назар мо ба таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нигоҳ кунем, воқеан он дар даврае амалӣ гардид, ки Тоҷикистон  дар марҳилаи душвортарини таърихи худ қарор дошт. Ин давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва пайдо шудани зиддияту барҳам хӯрдани манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни аҳолии кишвар буд. Давраи асосии ташаккули ҲХДТ аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон маншаъ мегирад. Иҷлосияе, ки дарвоқеъ барои мардуми Тоҷикистон тақдирсоз буд, чунки тақдири халқи Тоҷикистонро барои давраҳои минбаъда муайян намуд. Қарорҳои ин иҷлосия оид ба барқарор намудани ҳукумати конститутсионии кишвар таҳти сарварии роҳбари ҷавону дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи ояндаи Тоҷикистони навин нақши ҳалкунанда доштанд.