ҲХДТ – ҲИЗБИ МАРДУМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Зери ҳамин мафҳум дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Обшорон” бахшида ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ ҷамъомад миёни аъзои фаъоли ҳизб баргузор карда шуд.  Дар ҷамъомад раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Обшорон” зимни суханронӣ иброз доштанд, ки Аслан ҳадафу мақсади таъсиси ҳизби мо он буд, ки барои мардум дар мавриди эъмори ҷомеаи демократӣ парчами сиёсӣ бошем. Моро зарур буд, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ наздик бошем, арзишҳои волои ҷомеаи башарӣ ва мутамаддинро бипазирем ва барои пешрафти иқтисоду иҷтимоиёти Тоҷикистони азизамон истифода барем. Аз ин дида, роҳи беҳтар вуҷуд надорад.Дар ҳамин даврае, ки мо ба созмон додани ҳизби тозабунёд машғул будем, дар ҷумҳурӣ комиссия оид ба таҳияи лоиҳаи нави Конститутсияи Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Азбаски ҳар як ҳизбу созмон дар доираи меъёрҳои Конститутсия амал мекунад, мо ҳам зарур донистем, ки то қабули Конститутсияи нав таъхир кунем, сипас Оинномаи ҳизбро бори дигар бо Конститусияи нав мувофиқа карда, танҳо баъд аз он ҳизбро сабти ном кунем. Ана ҳамин шуд як сабаби асосии ба таъхир афтодани сабти номи ҳизб ва баргузории Анҷумани муассисон. Танҳо моҳи декабри соли 1994, баъд аз қабули Конститутсияи нав ба мо муяссар гардид, ки Анҷумани нахустинро гузаронем.Бояд дар назар дошт, ки дар он замон дар бисёр ноҳияҳои шарқӣ ва ҷанубии кишвар ҷанги шаҳрвандӣ бошиддат идома дошт. Дар чунин вазъияти ниҳоят душвору мураккаб Ҳизби Халқии Демократӣ ташаккул ва обутоб меёфт. Бо мурури замон ҲХДТ ба яке аз пурқудраттарин қувваи сиёсии кишвар мубаддал гардид, ки назар ба ҳар гуна неруи дигари сиёсӣ нуфузу эътибори хеле бештар дошта, аз ҷонибдории оммаи васеи мардуми кишвар бархурдор мебошад.