БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ИТТИФОҚ”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Ҷиҳати арҷгузори ва садоқати бепоён ба Ҳизби Халқии Демоктарии Тоҷикистон бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 29 – солагии рӯзи таъсисёбии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Иттифоқ” миззи мудаввар дар мавзуи “Садоқати мо ба ҲХДТ” баргузор карда шуд.Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Иттифоқ” Мирзораҳматов Мустафо зимни суханронӣ иброз доштанд, ки  бунёди ҳар ҳизби сиёсӣ тақозои замон аст. Агар аз ин нуқтаи назар мо ба таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нигоҳ кунем, воқеан он дар даврае амалӣ гардид, ки Тоҷикистон  дар марҳилаи душвортарини таърихи худ қарор дошт. Ин давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва пайдо шудани зиддияту барҳам хӯрдани манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни аҳолии кишвар буд.Давраи асосии ташаккули ҲХДТ аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон маншаъ мегирад. Иҷлосияе, ки дарвоқеъ барои мардуми Тоҷикистон тақдирсоз буд, чунки тақдири халқи Тоҷикистонро барои давраҳои минбаъда муайян намуд. Қарорҳои ин иҷлосия оид ба барқарор намудани ҳукумати конститутсионии кишвар таҳти сарварии роҳбари ҷавону дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи ояндаи Тоҷикистони навин нақши ҳалкунанда доштанд. 10 декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рушди устувори Тоҷикистони соҳиб истиқ лол, ободу пешрафта ва аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ босубот мебошанд.