ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАЪМОНА ИДОМА ДОРАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” ҷиҳати иҷрои бандҳои алоқаманди нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба баргузории корҳои ободони дар маркази ноҳия, ташкилотҳои ибтидоӣ ва ҷамоатҳои деҳот бахшида ба истиқболи ҷашни Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ дар Ҷамоати шаҳраки Фархор ҳашарҳои дастаҷаъмона идома доранд. Чунин, ҳашарҳо ва шанбегиҳои дастаҷаъмона бо иштироки масъулини муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди мактабҳои ноҳия ҳамарӯза баргузор шуда истодааст.