МУЛОҚОТ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “КИШОВАРЗОН”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кишоварзон”-и Ҷамоати деҳоти Хутан ҷиҳати истиболи сазовор аз рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мулоқот бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур Раҳмонов Ҳабибулло баргузор карда шуд.Зимни суханронӣ раиси ташкилоти ибтидоии “Кишоварзон” иброз доштанд, ки  Ҳизби Халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, аз ҷониби Пешвои миллати маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфтааст. Имсо аз таъсиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон 29-сол сипарӣ мегардад. Бисту ҳафт соли талошу муборизаҳо дар таҳкими давлатдории навини миллӣ, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол далели он аст, ки Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар хизмати мардум аст. Зеро Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди мардумӣ ӣо арсаи сиёсати кишварамон ворид шуд ва дар ин муддат барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ва аркони давлатдорӣ саҳми сазовор гузоштааст.Тавре маълум аст, мақсади ниҳоии ҳар ҳизби сиёсӣ ба сари қудрат омадан ва ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ мебошад ва хушбахтона, аз соли 1994 инҷониб ҲХДТ ҳизби парлумонӣ ва ҳизби пирӯз буда, намояндагони ин ҳизб давлатро идора мекунанд.Дар охири асри ХХ ва оғози асри ХХI инсоният шоҳиди рӯйдодҳои ҳайратовари ҷаҳони пуртаззод гардида, раванди тарҳи сиёсию иқтисодии сайёра рӯ ба дигаргуниҳои инқилобӣ овард. Давлатҳои абарқудрат барои ба даст овардани боигарии табии ин ё он кишварҳои рӯ ба истиқлолият ниҳода, харисона назар андохта, хостори ба даст овардани ҳассосу тақдирсоз Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ба доми даргириҳо кашиданд, кишварро ба доми марг оварданӣ буданд, хушбахтона Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар чунин лаҳзаҳо ба майдони сиёсат ворид гардид. Дар тули солҳои мавҷудияти худ Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон бо Сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар тамоми соҳаҳо гомҳои устувор гузорад.  Бузургтарин дасовард ин пеш аз ҳама ба сулҳу ваҳдат овардани мардумони манотиқи гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мерафт, ки аз уҳдаи ин кори басо муҳим сарбаландона ӣаромада тавонистанд. Ҳамчунин, ҳисси худшиносии миллиро дар байни ҷавонон ривоҷу равнақ дода, онро ба як мактаби бузургӣ тарбиявӣ ташаккул дод. Дар асоси принсипҳои сиёсати давлатӣ ва ҳадафҳои интихобкардаи худ ҳизб барномаи нави пешазинтихоботии худро таҳия карда, ба аҳли ҷомеа пешниҳод менамояд, ки аз тадбирҳои зайл ибораӣанд.