ШИОРИ ҲХДТ “БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Мулоқоти намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар тишкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №9” бахшида ба 29 – солагии таъсисёбии ҲХДТдоир карда шуд.Мирзоев Толиб зимни суханрони қайд карданд, ки «дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар низоми идоракунии давлати тоҷикон ва рушди иҷтимоиву иқтисодиву сиёсии он мавқеъ ва нақши ҲХДТ бузург аст. Чунончӣ, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншуда, ки аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси ҲХДТ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ҲХДТ тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати таъмини ширкат дар рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳар як сокини мамлакат шароити мусоид фароҳам оварад. Ин аст, ки робита миёни ҳизб ва ҷомеа тайи ин солҳо на танҳо устувор гардид, балки сол то сол тақвияту густариш меёбад». Дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲХДТ ҳамчун созмони боэътимоди сиёсии мардумӣ аз иҷрои чаҳор вазифае, ки дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, бомуваффақият баромад: якум, хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, дуюм, барқарор намудани сулҳу субот, сеюм, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва чорум, ташаккул додани рукнҳои давлатдории миллии Тоҷикистон. ҲХДТ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолу озодӣ, демократия, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ собит намуда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ менамояд