МУЛОҚОТИ РУ БА РУИ ВАКИЛИ НОҲИЯВӢ ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ ҲХДТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Фархор  мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор аз ҳавзаи интихоботии №8 Амиршоева Султонби тариқи ру ба ру бо интихобкунандагон дар доираи ҳафтаи ҲХДТ бо дар мавзуи “ҲХДТ – танзимгари зиндагии шоистаи мардум” доир карда шуд.

Зимни суханрони нотиқ қайд карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ намуда, барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, болоравии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар мусоидат намудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби мардумӣ ва ифодагари марому мақсадҳои мо Тоҷикистониён мебошад. Дар шароити имрӯза Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои пешқадам ва сернуфуз мебошад. Ҳизб дар фаъолияти худ бештар талош меварзад, ки дастгири мардум бошад.Узви ин ҳизб будан боиси ифтихор мебошад. Зеро раиси он, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. ҲХДТ дар таърихи фаъолияти худ тибқи Оиннома ва барномаҳои қабулнамудааш, бештар ҷиҳати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум кор кардааст. Имрӯзҳо ҲХДТ –ро ҳамчун ҳизби ташаббускор мешиносанд. Дар ҳамаи Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо нафарони ботаҷрибаю соҳибмаълумот кору фаъолият намуда, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори ҲХДТ мунтазам кор мебаранд.