ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАЪМӢ ДАР ШАҲРАКИ ФАРХОР

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Фархор” ҷиҳати иҷрои бандҳои алоқаманди нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба баргузории корҳои ободони дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот бахшида ба истиқболи ҷашни Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ дар Ҷамоати шаҳраки Фархор корҳои таза кардани новаҳои бетони бо тариқи ҳашарҳои дастаҷаъмона идома доранд. Чунин, ҳашарҳо ва шанбегиҳои дастаҷаъмона бо иштироки дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия низ бо маром идома доранд.