МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА ҲАФТАИ ҲХДТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар толори варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 мусобиқаи варзиши аз руи намуди волейбол миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия бахшида ба истиқболи сазоворӣ ҷашни 29 –мин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон идома кард. Ин мусобиқа бо мақсади роҳандози намудани тарзи ҳайёти солим миёни ҷавонони ноҳия роҳандози гардида истодааст. Мусобиқа бо иштироки 8 даста оғоз гардида буд. Айни замон даври дигари мусобиқа барои дарёфти Ҷами раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия идома дорад. Ғолибони се зинаи ифтихори бо Сипоснома, ҷом ва таҳфаҳои хотирмони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қадрдонӣ карда мешаванд.