МУЛОТҲО ДАР МАВЗӮИ “ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДА”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боғчаи №1” ҷиҳати истиболи сазовор аз рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Мирзоев Толиб баргузор карда шуд.

Зимни суханронӣ нотиқон иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҲХДТ – рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад.

Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд.