БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ МУЛОҚОТҲО ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор Раҳимова Маъмурби бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №1” дар мавзуи “ Саҳми ҲХДТ дар низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ” баргузор крада шуд.Вакили ноҳиявӣ Раҳимова маъмурби зимни суханронӣ қайд карданд, ки ҲХДТ дар ҳамкори бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти муштаракеро ҷиҳати ба танзимдарории низоми таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят роҳандози намудааст, ки ташаббуси аввал баргузории дарсҳои кушод зери унвони «Соати сиёсӣ» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти асосӣ, миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дар назар аст. «Соати сиёсӣ», ки тибқи нақша дар як моҳ як маротиба доир мегардад, аслан мавзӯъҳои асосҳо ва дастовардҳои сиёсии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, экстремизм ва тундгароӣ дар ҷомеаи муосир ва таъсири онҳо ба ҷомеаи солим, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, амнияти иттилоотӣ, идеология, асосҳои идеологии кишвар, эҳтиром ба мақоми мактаб, илму маориф ва омӯзгор мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Зимнан, Раҳимова Маъмурбӣ иброз доштанд, ки ташкили вохӯриҳои мунтазами хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зери унвони «Мактаби ман» ва ба ин васила ҷалби шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ ба бунёдкорию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаҳои таълимӣ ташаббуси дуюм маҳсуб мешавад ва ҳавасманд гардонидани шахсони дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникию ташкилии мактаби (муассисаи таълимии) хатмкардаи худ ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот мебошад.