МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНИ ҲИЗБӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оиди дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боғчаи №2” бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор Қандова Рӯхшона мулоқот дар мавзӯи “ҲХДТ – ҳизби созанда ва бунёдкор” баргузор карада шуд.Қандова Рӯхшона зимни суханронӣ иброз доштанд, ки самти асосии кори ҳар як ҳизби сиёсиро фаъолияти идеологӣ ва мафкурасозӣ ташкил медиҳад ва рисолати ҳизби сиёсӣ низ дар он ифода мегардад, ки то кадом андоза мардумро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва пешрафту шукуфоӣ раҳнамо месозад. Мавсуф ҳамчунин таъкид дошт, ки вакилони ҳизбӣ бояд дар иҷрои амри Президенти мамлакат ҷиҳати истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳамкории зич дошта бошанд. Гуфта шуд, ки “мо - ҳизбиён зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум пайваста идеяҳои наву созандаро рӯи кор оварда, дар амалисозии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ноил гардида истодаем.