ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №16-И НОҲИЯИ ФАРХОР

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассиси таҳсилоти миёнаи умумии №16 дар амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон бо иштироки намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия соати сиёсӣ дар мавзӯи “Муқадасоти миллӣ” баргузор гардид.Омӯзгорон дар назди хонандагон маърӯзаҳои омоданамудаи худро оид ба мавзӯи болозикр қироат намуда иброз доштанд, ки дар олам халқу миллатҳои зиёде мавҷуд аст. Ҳар миллат дорои забон, хат, рамзҳои ба худ хос ва расму анъанаҳои гуногун мебошад.Хушбахтона, халқи тоҷик дар ҳама давру замон ҳастии худро ба воситаи забони шево нигоҳ дошта, бо сеҳри қалами аркони суханаш дили аҳли фарҳанги сайёраро тасхир намудааст.Истиқлолият давраи нави эҳёи тамадуни халқи тоҷик ба шумор меравад. Миллат тавассути даврони мустақилият бо дарки амиқ ватандорӣ бо эъмори давлати дунявӣ ва демократӣ иқдом намуд. 6-уми ноябри соли 1994 бори нахуст Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби мардум қабул гардид. Ин шиносномаи миллат роҳи рушди минбаъдаи давлати Тоҷикистонро муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дод. Баъди таъсиси Ҳукумати воҳид рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби Пачам, Нишон, Суруди миллӣ гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахшро халқи тоҷик бо ризоияти том истиқбол намуд.
Забон ва пули миллӣ низ мисли рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ шинохта мешаванд. Имрўз забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, воҳиди пули мамлакат Сомонист. Ифтихор аз муқаддасоти миллӣ ва эҳтироми он вазифаи ҳар сокини Тоҷикистони азиз аст.