ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ПАРЧАМ РАМЗИ ОЛИИ ВАТАНДОРӢ”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 дар асоси дастури раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор Мирализода Лутфулло оид ба баргузории Рӯзи Парчами давлатӣ чотабинии тантанавӣ дар мавзуи болозикр баргузор карда шуд.

Дар чорабини ҳамзамон, намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия иштирок ва оид ба моҳият ва зарурияти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда иброз доштанд, ки давлати соҳибистиқлол соҳиби муқаддасоти миллии худ аст, аз ҷумла Тоҷикистони мо ҳам дорои Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошад. Дар забони тоҷикӣ мафҳумҳои «парчам» ва «дирафш» аз забонҳои бостонии ориёӣ ба вуҷуд омадаанд.

Парчамдориву парчамбардории халқи мо таърихи қадима дошта, аз аҳди бостон то имрӯз давраи тӯлониро тай намудааст. Таърих гувоҳ аст, ки аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва нишони миллӣ буданд. Вобаста ба парчамбардории ниёгони абарқудрати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон, бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ, қайд намуда буданд, ки: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нирӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад». Пайдоиши Парчамро дар таърих ва фарҳанги миллати тоҷик ҳамчунин Абурайҳони Берунӣ ба муборизаи Коваи Оҳангар ба муқобили зулму истибдод ва таъмини адолату зиндагии осоишта мансуб медонад. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, ки намунаи осори барҷастаи ватандӯстию тарғибгари некию мардонагист, аз муборизаи Коваи оҳангар оварда шудааст. Коваи оҳангар пешдомани чармини худро дирафш кард ва халқи ситамдидаро ба мубориза даъват намуд. Имрӯз тасвири «Дирафши ковиён» дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст, ки он ифодагари рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.