ДАВРИ 1/4 НИҲОИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИ БАХШИДА БА 29 – СОЛАГИИ ҲХДТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Идомаи мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол миёни занону бонувон бахшида ба 29-солагии таъсисёбии ҲХДТ баргузор шуда истодааст.Санаи 23-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 байни бонувон ва ҷавондухтарони ташкилотҳои ибтидоии “Арча” ва “Сурхоб” рақобати ҷолиб барои баромадан ба даври нимниҳоии мусобиқа баргузор карда шуд, ки дар ин рақобат волейболбозони ташкилотҳои ибтидоии “Сурхоб” ғолиб баромада ба даври нимниҳои роҳхат гирифт. Дар мусобиқа ҷавондухтарони фаъоли аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” миёни ҳам рақобат намуда истодаанд. Дар ҷараёни чорабинӣ ғолибон муайян гардида, дастаи мунтахаб барои иштирок дар давраи ниҳоии мусобиқа интихоб карда мешаванд.