МУЛОҚОТ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ТОҶИКОН”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷикон”-и деҳаи Ҳайёти нави Ҷамоати деҳоти Хуросон ҷиҳати истиболи сазовор аз рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Мирзоев Толиб баргузор карда шуд.Зимни суханронӣ намояндаи Кумитаи иҷроия иброз доштанд, ки хизматҳои бузургу беназири Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва муттаҳид намудани қишрҳои мухталифи ҷомеа барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ибрози андеша кард.Таъкид гардид, ки рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дар сатҳи ҷаҳонӣ мақому манзалати шоиста пайдо намудани он пеш аз ҳама натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, гувоҳи дорои Барномаи мушаххас ва маҳбубияти комил доштани ҳизб дар ҷомеа аст. Моро зарур аст, ки барои ҳифзи чунин дастовардҳои беназир, амнияту суботи сиёсӣ ва боз ҳам ободтар намудани кишвари азизамон саҳми шоиста гузорем.