МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА ҲАФТАИ ҲХДТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар толори варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 мусобиқаи варзиши аз руи намуди волейбол миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия бахшида ба истиқболи сазоворӣ ҷашни 29 –мин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон оғоз гардид. Ин мусобиқа то санаи 8 – декабр идома меёбад. Дар мусобиқа 8 даста иштирок намуда, барои дарёфти Ҷами раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия миёни ҳам рақобат менамоянд. Ғолибони се зинаи ифтихори бо Сипоснома, ҷом ва таҳфаҳои хотирмони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қадрдонӣ карда мешаванд. Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” роҳандози шуда истодааст.