МУЛОҚОТ БО ХОНАНДАГОН ДАР МАВЗӮИ “ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДА”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Нимаи дуюми рӯзи 23 – ноябри соли ҷори дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фарх оид ба таҷлили сазовори ҷашни 29 – умин солгарди рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 мулоқоти Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад бо хонадагон ва фаъолони ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия баргузор крада шуд.Зимни суханронӣ Вализода Муҳаммад иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқарароти банди якуми моддаи яки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона мебошад.Дар ин моддаи Конститутсия мавҷуд будани калимаи “демократӣ” имкон фароҳам меоварад, ки ҷумҳурӣ аҳзоби гуногуни сиёсӣ таъсис ёфта, фаъолият намоянд, вале бояд фаъолияти онҳо ба талаботи Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” мутобиқ ва мувофиқ бошад.Дар айёми бисёр ҳассос-замоне, ки кишвари мо дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхт ва мардум интизори паёми  сулҳ буданд, зарурияти таъсис додани ҳизби сиёсие пеш омад, ки бояд фарогирии назару андешаҳои гуруҳҳои мухталифи ҷомеа бошад ва мардумро дар меҳвари як мафкураи созанда муттаҳид намуда, ба мухолифату даргириҳои фоҷиабори сиёсӣ хотима бахшад, ки чунин ҳизб Ҳизби Халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Ҳизби Халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, аз ҷониби Пешвои миллати маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфтааст. Имсо аз таъсиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон 29-сол сипарӣ мегардад. Бисту ҳафт соли талошу муборизаҳо дар таҳкими давлатдории навини миллӣ, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол далели он аст, ки Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар хизмати мардум аст. Зеро Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди мардумӣ ӣо арсаи сиёсати кишварамон ворид шуд ва дар ин муддат барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ва аркони давлатдорӣ саҳми сазовор гузоштааст.Тавре маълум аст, мақсади ниҳоии ҳар ҳизби сиёсӣ ба сари қудрат омадан ва ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ мебошад ва хушбахтона,