МУЛОҚОТИ ВАКИЛИ НОҲИЯВӢ ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ ҲХДТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор Ҳакимова Давлатбӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бо хонандагони синфҳои болоии ин даргоҳ   дар мавзӯи “ҲХДТ – ҳизби созанда” дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор баргузор карда шуд.Зимни баромадашон Ҳакимова Давлатбӣ иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бори дигар садоқати худро ба соҳибистиқлолии кишвар ва таъмини амнияти ҷомеаи Тоҷикистон таъкид намуда, изҳор медорад, ки дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои кишвар ва санатҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ минбаъд низ саъю кӯшиши худро ба эътирофу риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, моликияти моддиву маънавии онҳо, эҳтиром ба дину оин, дахлнопазирии шахс ва расму анъанаҳои миллии кулли сокинони мамлакат равона месозад.Табиист, ки Барномаи ҲХДТ ба ҳайси Барномаи давлатӣ пазируфта шудааст ва ин барнома сол то сол такемил ёфта, пурратар гашта, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар бар мегирад. Боиси зикр аст, ки такми раванди демократӣ рушди устувори демократия, баланд бардоштани самараи низоми идораи давлатӣ, такмили қонунгузорӣ, худидоракунии самарабахш дар маҳал, озодии сухан дар воситаҳои ахбори омма, мубориза ба муқобили коррупсия, ривоҷи соҳибкори хурду миёна, сиёсати сармоягузорӣ, раҳоӣ аз вобастагии иқтисодӣ, низоми самарбахши иҷтимоӣ, оилаи мустаҳкаму зиндагии шоиста, таъмини дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ, беҳтар кардани ҳифзи муҳити зист, кушодани ҷойҳои нави корӣ, беҳтар кардани кори илму маориф, рушди фарҳанг, такя ба ҷавонон, сиёсати кадрҳо, рушди сиёсати байналмиллалӣ ва сиёсати мудофиавии Тоҷикистон маҳаки асосии Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар бар мегирад.Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро имрӯз ҳизби халқию мардумӣ низ ном мебаранд.