СОАТИ СИЁСӢ ДАР МАВЗӮИ “ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДА”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 дар робита ба иҷрои дастуру сипоришҳои раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” оид ба баргузории ҳафтаи ҲХДТ соати сиёсӣ дар мавзуи болозикр баргузор карда шуд.Дар соати сиёсӣ омӯзгорон оид ба пайдоиш ва зарурияти ҲХДТ суханрони намуда қайд карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулияти худро барои ободии имрўзу фардои Ватану миллат ва таъмини зиндагии шоистаи ҷомеа ба хубӣ дарк намуда, эълон менамояд, ки самти ҳаракати мо дар роҳи бунёди давлати босубот ва аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтаю кафили шароити ҳатмии иҷтимоии шаҳрвандон тағйирнопазир ва бебозгашт аст. Вазъияти бо суръати тез тағйирёбандаи ҷаҳони муосир, таҳаввулоту дигаргуниҳо дар ҳаёти байналмилалӣ моро на фақат аз роҳи пешгирифтаамон бознамегардонанд, балки водор мекунанд, ки барои ба даст овардани ҳадафи олӣ боз ҳам қотеъонатар, муттафиқонатар ва муташаккилонатар талош кунем. ҲХДТ аз ҳамин мавқеъ Барномаи худро барои панҷ соли ояндаи тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад ва омода аст, ки дар ин замина сиёсати дохиливу хориҷии давлат ва Президенти мамлакатро таъмин намояд. Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ натиҷаи таҳлилҳои амиқу доманадори ҳамаи паҳлўҳои ҳаёти ҷомеа мебошад. Он масъалаҳоеро фаро гирифтааст, ки аз муҳимтарин ҳадафҳои барномавии ҳизб бармеоянд ва нигоҳи моро ба роҳи пешрафти мамлакат дар давраи минбаъда таҷассум месозад. Барномаи пешазинтихоботӣ роҳҳои дастёбӣ ба муҳимтарин ҳадафу вазифаҳои ҲХДТ-ро дар бар гирифта, он вазифаи ҳар фардро дар рушди иқтисодиёт ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ бо такя ба фарҳангу анъанаҳои мардуми тоҷик ва дигар миллатҳои Тоҷикистон муайян менамояд ва он нақшаи фаъолияти давраи нави мақомоти намояндагии кишвар дар ҳалли масоили ҳалталаби ҷомеа мебошад.