ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗӮИ “ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДА” ОҒОЗ ГАРДИД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Ҷиҳати истиболи сазовор аз рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳимова Маъмурбӣ озмуни иншои беҳтарин дар дар мавзӯи “ҲХДТ – ҳизби созанда” миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва колеҷу литсейи касбӣ – техникии ноҳия оғоз карда шуд.Озмуни мазкур то рузи 8-уми декабри соли ҷорӣ идома намуда, иштирокчиён дар мавзуи болозикр иншоҳои худро навишта ба Кумитаи ивроия пешниҳод менамоянд. Масъулини ҳизбӣ иншоҳои навишташударо дар якчояги бо ҳайати Комисияи тадорукоти озмун аз назар гузаронида ғолибонро муаян менамоянд. Ғолибон дар рӯзи боргузории чорабинии тантанави бахшида ба 29 – солагии таъсисёбии ҲХДТ дар маросими тантанави бо туҳфаҳои хотирмони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор сарфароз гардонида мешаванд.