ДАРСИ КУШОД ДАР МАВЗУИ “ПАРЧАМАТ ПАРАФШОН БОД ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Рӯзи 23 – ноябри соли ҷорӣ бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дарси кушоди омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 Ҳакимҷонова Раъно дар мавзӯи “Парчамат парфшон бод Тоҷикистон азиз” бахшида ба истиқболи Рӯзи Парчами давлатӣ баргузор карда шуд.Шарӯъ аз оғози дарси кушод Раҳимова маъмурби андешаҳои худро оид ба ин рӯзи муқадаси миллат иброз дошта, қайд карданд, ки боиси ифтихор ва сарбаландии сокинони ноҳияи мо аст, ки дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангӣ – фароғатии ноҳия майдони Прачами давлатӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ин рамзи садоқати сокинони ноҳия ба муқаддасоти миллии кишвар мебошад. Бигзор Парчами миллӣ ҳамеша чун ҷузъе аз муқаддасоти миллӣ моро ба сӯи ягонагию ваҳдат сулҳу субот раҳнамо бошаду дар роҳи пурпечутоби инкишофи ҷаҳони муосир барои дастовардҳои нав дар сари мо ҷилвагар бошад. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ин Парчами муқаддас ливои озодию истиқлолият ливои сиёсати созандагиву бунёдкорӣ ва меҳнати фидокоронаи халқамон баҳри шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол раҳнамо мебошад. Бинобар ин ҳар яки моро зарур мебошад, ки бо як ҳисси баланди шаҳрвандию ифтихори миллӣ ва дарки масъулият нисбат ба рамзҳои давлатӣ: Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, нисбат ба суннату арзишҳои олии давлату давлатдорӣ эҳтиром ба ҷо орем. Бояд ин амал ба қарзи шаҳрвандӣ ва номуси ватандории мо мубаддал гардад. Дар баробари ин бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ дар зери ҳимояи қонун ва давлат қарор доранд.Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва фардои халқ буда, он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад. Бигзор партавфишонии Парчами давлатӣ дар маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳисси ифтихор аз ватандории тоҷикони ҷаҳон бошаду, расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси ватани соҳибистиқлол қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо гардад.