МИЗИ МУДАВВАР МИЁНИ АЪЗОИ ТҶҶ “СОЗАНДОГОНИ ВАТАН”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳимова Маъмурбӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия баргузор карда шуд.Раҳимова Маъмурбӣ зимни суханронӣ миёни хонандагон иброз доштанд, ки миллати тоҷик фарҳангофару давлатсоз буд ва ҳаст. Миллатҳое, ки имрӯз қудратро ба даст овардаанд, аз миллати тоҷик сабақи давлатдорӣ-парчамдорӣ омӯхтаанд, ки аз ин бояд фарзанди тоҷик фахр намояд. Парчами миллат боиси ифтихор ва нангу номус аст. Дар мусобиқаҳои варзишӣ, олимпиадаҳои фаннӣ, ҷашну маросимҳои давлатӣ, қабули сарони давлатҳо ва баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, албатта, дар ҷойи аввал барафрохтани Парчами миллӣ меистад.Парчами миллӣ метавонад дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз Ватану миллат хизмат намояд. Дили мо аз фараҳ пур мешавад, вақте варзишгари тоҷик сазовори ҷойи аввал мегардад ва дар варзишгоҳҳои ин ё он давлат Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта мешавад. Варзишгарон, ҳунармандон, шоирон, олимону эҷодкорон барандагони рӯҳи волои миллатанд ва ҳар як дастоварди меҳнатии онҳо мавриди қадршиносӣ зери Парчами миллат сурат мегирад. Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супоридани мукофотҳо ва унвонҳои давлатӣ зери Парчами миллӣ анҷом мепазирад.Ба хотири дар сатҳи зарурӣ ҷой додани муқаддасоти миллат - Парчами миллӣ дар пойтахти кишвар, назди Қасри Миллат бо нияти барои асрҳо барҷо мондани давлати тоҷикон дар харитаи ҷаҳон баландтарин поя сохта, Парчами миллӣ дар он барафрохта шуд.