КОНФЕРЕНСИЯ БА ИФТИХОРИ “РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Фархор бо ташаббуси муовини раиси шӯърои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Раҳимзода Раъно Конференсияи илмӣ таҳти унвони “парчамат парфшон бод, Тоҷикистон азиз” баргузор крада шуд. Дар кори конференсия иштирок доштанд муовинони раиси ноҳияи Фархор Ғаффорзода Шорух, Раҳматулозода Дилбар ва ҳамзамон фаъолони ноҳия, фаъолону ҷонибдорони ҲХДТ ва ҳайъати васеъи аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ иштирок доштанд. Нахсут дар чорабинии идона аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ Раҳимзода Раъно чорабиниро кушода бо навбат иштиркчиёнро барои хондани маърузаҳо даъват намуданд.Ҳамзамон муовини раиси ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Тағайзода Рустам низ зимни суханронӣ қайд карданд, ки  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Минбаъд ин рӯз ҳамчун ҷашни умуми-миллӣ аввалин маротиба рӯзи 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолӣ   бисёр бошукӯҳ ҷашн гирифта шуд.  Парчами давлатӣ – ин рамзи ҳокимияти давлатӣ буда, мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлат ифода мекунад.Зикр шуд, ки дар замони соҳибстиқлолии мамлакат Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи давлати озод,  арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таъриху тамаддуни бою ғанӣ ва пурифтихорамон ба шумор меравад. Махсусан, маҷмааи Парчами давлатӣ дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар баландии 165-метр қомат афрохтааст. Он ҳамчун баландтарин парчам ба китоби “Рекордҳои Гиннес” шомил гардидааст, ки ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.