МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА "РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” Мирализода Лутфулло аз санаи 21 - уми ноябри соли равон, бахшида ба "Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади оммавигардонии варзиш мусобиқаи футбол байни хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор карда мешавад. 

Дар мусобиқаи мазкур Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 миёни хонандагони синфҳои болоии баргузор карда мешавад ва тули 3 рӯз идома меёбад. Мусобиқа аз рӯи системаи олимпи гузаронида шуда, ду дастаи ғолиб ба даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Бозии ниҳои дар Рӯзи 24 – ноябр дар маркази ноҳия баргузор карда мешавад ва дастаи ғолиб бо Сипоснома ва таҳваҳои хотирмон дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешавад .