МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИ БАХШИДА БА 29 – СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ МИЁНИ БОНУВОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Идомаи мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол миёни занону бонувон бахшида ба 29-солагии таъсисёбии ҲХДТ баргузор шуда истодааст.

         Мусобиқа санаи 21-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 байни бонувон ва ҷавондухтарони ташкилотҳои ибтидоии “Меҳнатобод” ва “Орзӯ” баргузор карда шуд, ки дар ин рақобат волейболбозони ташкилотҳои ибтидоии “Меҳнатобод” ғолиб баромада ба даври минъбада роҳхат гирифт. Дар мусобиқа ҷавондухтарони фаъоли аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” миёни ҳам рақобат намуда истодаанд. Дар ҷараёни чорабинӣ ғолибон муайян гардида, дастаи мунтахаб барои иштирок дар давраи ниҳоии мусобиқа интихоб карда мешаванд.