АКСИЯИ ҲИЗБИИ ТАҲТИ УНВОНИ “ЭҲТИРОМИ ПАРЧАМ – ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 20 ноябри соли чорӣ ҷиҳати тағибу ташвиқи ҳамаҷонибаи ҷашни дарпешистодаи Рӯзи Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби волонтиёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар маркази шаҳраки Фархор аксияҳи ҳизби таҳти унвони “Эҳтироми Парчам – Эҳтироми миллат аст” баргузор карда шуд.Дар ин рӯз волонтиёрон ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия дар аксия иштирок намуда, ба сокинонон ва меҳмонони ноҳия варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд.