“БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИФТИХОР ДОРЕМ”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи  XVI- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  хонандагон ва омӯзгорони  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 баргузор карда шуд.Нотиқон зимни суханронӣ иброз доштанд, ки веқеоти муҳими таърихӣ, сарнавиштсоз баъзан дар як сана ба амал омада ё як раками муайян дар ҳаёти халқҳо, давлатҳо ва хосатан ба арсаи сиёсат омадани сиёсатмадорон, фаъолияти онхо бо гузашти вақт сиёсатмадори варзида шудани онҳо такрор меёбад, ин ҳодисот баъзан як мавзӯъро фаро гиранд, ё  онро такмил додаву тақвият мебахшаннд.Такрор шудани рақамҳо ва ё мувофиқ омадани санаҳо баъзан дар раванди кулан такмил ёфтани ҳамон руйдоди таърихӣ ба  чашм мерасад.Дар таърихи миллати тоҷик дар солҳои саҳибистиқлоли чунин ҷараён гирифтани воқеъаҳо ба чашм мерасанд. Дар мисоли мо ҳамин гуна рақамҳо ва санаҳо аз оғозу рафту натиҷаи муҳимтарин воқеоти сиёсӣ охири асри ХХ ва ду даҳсолаи авали асри ХХ1 дар пайвастагӣ ба он аз фаъолияти ба ҳамин мавзӯъ вабастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оварда мешавад. Ин ҷо мо аз Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, ёдовар мешавем. Баъд аз эълон шудани соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бархе аз гурӯҳои манфиатхоҳ, бо пуштибони аз ҳизбу ҳаракатҳои бо ном демократию исломӣ баҳри амали кардани ҳадафҳои нопоки худ Ҷумҳуриро ба гирдоби ҷанги шаҳрванди  кашиданд.Соли 1992 барои миллати тоҷик соли пур аз фоҷеа буд. Ҷанги шаҳравандӣ  авҷ  гирифта, торафт  майдони низоҳо васеъ мегашт.