ИДОМАИ ТАНТАНАҲОИ ИДОНА БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо ташаббуси директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона  баргузор карда шуд.Дар чорабини директори муассисаи мазкур суханрони намуда, қайд карданд, ки Пешвои  тоҷикони ҷаҳон  Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи XVI-ум  дар қасри Арбоб  Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон  бо боварии том ваъда додаанд, ки :«Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷоннисорӣ мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».Эмомалӣ Раҳмон бо мушоҳида аз тақдири халқу миллат аз ибтидо то интиҳо таърихи халқро омӯхтанд, китобҳо навистаанд. Пешвои халқпарвар ҳамеша бо халқ буда, доимо дастгиру ёрирасони ятимону бепарасторон мебошанд.Халқи тоҷик аз фаъолияти шабонарӯзии фидокоронаи Пешвои миллат илҳом гирифта, баҳри ободу зебо гаштани Ватан корҳои зиёдеро бо сарварии ин марди ободкору созанда корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд.Имрӯз мардуми тоҷик аз Пешвои худ ифтихор дорад, ки маҳз бо талошҳои пайвастаи ин шахсияти барӯманд ҷанги шаҳрвандӣ басанда карда шуда, мамлакати ҷангзада рӯ ба инкишоф ниҳод.Бунёди корхонаҳои зиёди саноатӣ, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар шумораи онҳо садҳо ададро ташкил медиҳад нишони осоиштагии аҳолии мамлакатро шаҳодат медиҳад.