ТАЪМИРИ МИЗУ КУРСИҲО ДАР МТМУ №25

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 бо ташаббуси Директори муассиса корҳои азнавсозии мизу курсиҳо рафта истодаанд.Корҳои азнавсозӣ дар доираи Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Мактаби ман” бо саҳми хатмкунандагони сину соли гуногун ва Асотсиатсияи падару модарони муассиса амали карда шудааст. Амалиёти мазкур дар ҳоли ҳозир хеле саривақти арзёби гардида аз ҷониби сокинон хуш пазируфта шудааст.