ТАНТАНАҲОИ ИДОНА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 16 – ноябри соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 бо иштироки омӯзгорону хонандагон ҷорабинии идона дар мавзӯи “Бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем” баргузор карда шуд.Сараввал Директори муассисаи мазкур ба сухан баромада оид ба дастоварҳои соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии кишвар зери роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин кори худро аз беҳтар намудани сатҳу сифати мактабу маориф оғоз намуданд. Бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат мактабу донишгоҳҳо аз нав эҳё гардиданд, аз ҳисоби буҷаи давлат барои сохтмони мактабу донишгоҳҳо маблағи муайян ҷудо гардид.Ҳуҷчати аввалин дар ташаккули соҳаи маориф дар шароити нав Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ба ҳисоб меравад, ки лоиҳаи он 26 августи соли 1991 ба баррасии умумӣ пешниҳод гардид ва бо назардошти ноустувории сиёсӣ 27 декабри соли 1993 аз тарафи Шӯрои Олии Чумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Зимни инкишофи ин соҳа, бо мақсади ворид гардидан ба системаи байналхалқии маориф ба ин қонун 8 маротиба тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз сари нав эҳё кардани вазъияти мамлакат аз оғози соли 2000-ум маблағгузориро ба соҳаи маориф афзун намуд ва маорифро дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” соҳаи афзалиятноки сиёсати давлат эълон намуд.Дар ин асос Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва таъмири бинои мактабҳоро ба нақша гирифта, якчанд қарорҳои дахлдорро барои таъмин намудани мактабҳо бо кадрҳои педагогӣ ба тасвиб расонид, барои чопи китобҳои дарсию воситаҳои таълимӣ маблағ ҷудо карда, барномаи давлатиро оид ба компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тасдиқ намуд. Ҳамаи ин тадбирҳо боиси то дараҷае рафъ гардидани мушкилоти соҳаи маориф гардиданд.