АМАЛИЁТИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ – ИФТИХОРӢ МАН”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб оид ба баланд бардоштани масъулияти аъзои ҳизб ва бо ин васила муайян намуданӣ мавҷудиятӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар доираи Амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор шаҳодатномаҳои ҳизбии аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии соҳаи тандурустиро аз назар гузаронида истодаанд.Санаи 15 ноябри соли ҷорӣ санҷиши шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳайёти солим”-и ноҳия гузаронида шуд. Зимни санҷиш маълум намуданд, ки аъзои ҳизб бо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ таъмин буда, баъзан камбудиҳо низ дида мешаванд. Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар шаҳодатномаҳо ҷойдошта ба сармуҳосиб ва раиси ташкилоти ибтидоии мазкар дастур дода шуда. Ҳамчунин, аз ҳолати ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳайёти солим” мавҷудбуда  майян карда шуд.