ФОРУМИ ЗАНОНИ НОҲИЯ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корбарии аъзои Раёсати вилояти ва ноҳиявии ҲХДТ, муовини аввали раиси ҲВМЭТ дар ноҳия Раҳимзода Раъно дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 санаи 11 – ноябри соли ҷорӣ форуми занони ноҳияи Фархор зери унвони “Садоқати модарон ба Президент – садокат ба Ватан аст” баргузор карда шуд, ки дар он намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳимова маъмурбӣ иштирок ва суханрони намуданд.Дар форуми мазкур саравал Раҳимзода Раъно ба сухан баромада оид ба дастгириҳои Президент нисбат ба занону бонувон ибрози андеша намуда қайд карданд, ки  Бо дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занону бонувон дар ҷомеа мақоми хоса пайдо карда, дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти назаррас доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳнати занону бонувонро қадр намуда, андешаву афкор, қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати онҳоро дарк карда, дастгирӣ менамоянд. Иштироки фаъолонаи занону бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мушоҳида мегардад. Даврони соҳибистиқлолӣ дар назди ҷавонон, аз ҷумла, занону бонувон рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозӣ ва ҳифзу тарғиби фарҳангу тамаддуни волои тоҷиконаро пеш гузошт. Дар баробари ин, дар мамлакат баҳри рушди маҳорати касбӣ ва зиёд намудани иштироки бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда, ки масъулияти зиёдро талаб менамояд, лоиҳаи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030 пешниҳод гардидааст ва барои рушди устовори фаъолияти занон равона мешавад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати занону бонувон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад, зеро зан ва бонуи маърифатнок ҷомеаро тарбият менамояд.

Ҳамзамон, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар навбати худ кайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки ба андешаи ман барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад, зеро тавре халқ мегӯяд: «Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест».