САҲНИ МУАССИСАРО ОБОДУ ЗЕБО МЕНАМОЕМ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и деҳаи Саховати Ҷамоати деҳоти Зафар бо саҳмгузории аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Саховат” ва асотсиатсияи падару модарон корҳои таъмиру азнавсозии саҳни мактаб дар доираи амалиёти муштараки “Мактаби ман”оғоз гардида буд, айни замон корҳои бетонпуш намудани саҳни мактаб ба анҷом расонида шудааст, ки хонандагон метавонанд бе маъмоният дар танафусҳо баромада истироҳат кунанд. Масъулин ва соховатмандони деҳаи мазкур тули чанд соли охир пайваста дар ободои ин муассиса саҳмгузори намуда истодаан ва минбаъд низ кушиш ба харҷ медиҳанд, ки мушкилоти пешомадаро дар якҷояги бартараф намоянд.