ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИ БА ДАВРАИ ЗАМИСТОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо мақсади ошноӣ пайдо кардан бо рафти омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и ноҳия аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия дидан намуданд. Маълум гардид, ки баҳри амалӣ намудани қарорҳои маомотҳои болои дар муассисаҳои таълимии ноҳия корҳо дар ин самт бо маром идома доранд. Феълан барои таъмини фаъолияти мўътадили муассисаҳои таълимӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ситод ташкил шудааст.Бино ба гуфти сармутахассиси маорифи ноҳия, эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимии ноҳия ба ангишт ва дигар маводзои сузишворӣ таъмин мебошанд.Масъулини шуъбаи маорифи ноҳия аз ҳолати омодаги ба давраи замистони соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 ноҳия дидан намуданд. Дар муассисаи мазкур дар баробари ангишт боз бо саҳми саховатмандони деҳа зиёда аз 15 куб ҳезум низ мавҷуд бадааст, ки барои бе мушкили паси сар кардани давраи замистони соли ҷорӣ кифоя мебошад.