САҲМИ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБИ ДАР ОБОДИИ ДЕҲОТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва дигар ҷашнҳои миллӣ корҳои созандагию ободонӣ аз ҷониби сокинону фаъолон дар ҳудуди шаҳраку деҳот ноҳия бо маром идома доранд.Дар доираи ин иқдом бахшида ба ҷашнҳои моҳи ноябр бо дастури аъзои Раёйсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор Назирӣ Зариф Вализода  дар ҳудуди ноҳия корҳои сангфаршкуни ва мумфаршкунии роҳҳои автомобилгарди ноҳия вусат дода шуда истодаанд. Сангфаршкуни аслан дар деҳоти ноҳия бо саҳми сокинони хайрхоҳ ва саховатманд амали гардида истодаат. Бояд тазаккур дод, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ ривоҷ ёфта, вобаста ба таҷлили ҷашнҳои миллию давлатӣ ин амал тадриҷан равнақ меёбад. Ҳамин аст, ки Тоҷикистони мо  сол то сол рушд намуда, ҳар ноҳия ва деҳоти дурдасттарини он обод гашта истодааст.