ТАЪМИРИ МАКТАБҲО БО САҲМИ АЪЗОИ ФАЪОЛИ ҲИЗБ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и деҳаи Саховати Ҷамоати деҳоти Зафар бо саҳмгузории аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Саховат” ва асотсиатсияи падару модарон корҳои таъмиру азнавсозии саҳни мактаб оғоз гардида, то имрӯз алакай  аксарияи саҳни муассисаи мазкур аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Айни ҳол барои  анҷом додани корҳои таъмиру азнавсози ҳама намуди маҳсулоти сохтмонӣ дастрас буда, корҳо бо маром ҷараён доранд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

 дар ноҳияи Фархор